Тоҷикӣ | Русский | English  

Дар Донишгоҳи Забонҳои Хориҷии Пекин “Маркази Тоҷикистон” Таъсис Хоҳад Шуд

11 апрели соли 2018 мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода бо роҳбарияти Донишгоҳи забонҳои хориҷии Пекин, ки дар он аз моҳи сентябри соли равон омӯзиши забони тоҷикӣ ба роҳ монда мешавад,  баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ба муҳиммияти таъсиси “Маркази Тоҷикистон” дар Донишгоҳи мазкур, ки дар ҳошияи он омӯзиш ва тарғиби забони тоҷикӣ,  муаррифии фарҳангу таърихи миллати тоҷик, расму русум ва анъанаҳои суннатии мо, ҳамчунин муқаддасоти миллӣ, дастовардҳову ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ хоҳанд  шуд, таъкид намуданд.

Парвиз Давлатзода изҳор дошт, ки Сафорати Тоҷикистон дар амри пешбурди фаъолияти густурдаи Марказ баҳри дар сатҳи баланди лозимӣ ба роҳ мондани омӯзиши забону фарҳанги тоҷикон дар ин Донишгоҳи бонуфузи  чинӣ ҳамаҷониба  мусоидат ҳохад кард.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj