Тоҷикӣ | Русский | English  

Машваратҳои консулӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон

12 апрели соли 2018 машваратҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон таҳти роҳбарии Сардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холназаров Баҳром Маҳмадназарович ва Сардори Шӯъбаи хадамоти консулии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон Алтиев Аннамурат Каковович баргузор гардид.

Зимни машваратҳои консулӣ ҷонибҳо мавзӯъҳои ҳамкориҳои дуҷониба, ёрии ҳуқуқӣ ва вазъи ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои ба самти фаъолияти консулӣ дахлдоштаро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, доир ба  тақвияти ҳамкориҳои байниидоравӣ оид ба масъалаҳои сайёҳӣ, маориф ва илм, нақлиёт ва соддагардонии таҳияи раводид мубодилаи афкор намуданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj