Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафир дар Вазорати туризми Умон

12 апрели соли 2018 Сафири Тоҷикистон дар Қувайт З. Зубайдов дар Маскат бо Муовини вазири туризми Умон хонум Мисо Сайф Маҷид ал-Маҳруқия вохӯрӣ анҷом дод.

Дар рафти суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи саёҳат ва роҳҳои тақвияти равобити фарҳангию байнимардӯмӣ баррасӣ шуданд. Роҷеъ ба иқтидори саёҳатии Тоҷикистон, фазои мусоиди сармоягузориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа, тадбирҳое, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рушди сайёҳӣ ва эҳёи фарҳангу ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла ҳадафҳои эълони соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар кишвар ва аҳамияти он дар тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, нақши Тоҷикистон дар таҳкими равобити таърихии кишварҳои ҳавзаи Шоҳроҳи Абрешим ва имкониятҳои ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Умон дар ин сайрхатти бузурги саёҳатӣ маълумоти муфассал дода шуд.

Зимни сӯҳбат ҳамчунин аҳамияти ба имзо расонидани созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саёҳат, табодули таҷрибаи мутахассисон, танзими муштараки чорабиниҳои саёҳатию фарҳангӣ ва таблиғи иқтидори саёҳатии Тоҷикистону Умон дар кишварҳои ҳамдигар махсус таъкид гардид.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj