16 апрели соли ҷорӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ахмет Йилдизро, ки ҳайати кишварашро барои ширкат дар 23-юмин нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ( 17 апрели соли 2018, ш. Душанбе) роҳбарӣ мекунад, ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳолати муносибатҳои Тоҷикистону Туркия, масъалаҳои таҳкиму густариши муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва дигар масоили муҳими мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳоро баррасӣ намуданд.