Тоҷикӣ | Русский | English  

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷонро ба ҳузур пазируфт

16 апрели соли 2018 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Маҳмуд Маммад Гулиевро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот, ки дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт, ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарию фарӽангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо масоили омодагӣ ва баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷонро дар самти тиҷоратӣ-иқтисодӣ баррасӣ намуданд.

Инчунин доир ба рӯзномаи иҷлосияи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки 17 апрели соли 2018 дар ш.Душанбе баргузор мегардад, мубодилаи афкор сурат гирифт.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj