Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштирок дар 45-умин нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ)

Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин дар нишасти 45-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) таҳти унвони “Арзишҳои исломӣ баҳри сулҳи устувор, ҳамбастагӣ ва рушд”, ки 5-6 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Даккаи Ҷумҳурии Халқии Бангладеш баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

И. Насредин дар суханронии хеш, аз ҷумла таъкид дошт, ки "Созмони ҳамкории исломӣ бояд дар ҳалли қазияҳои ҷаҳони ислом нақши муассир дошта бошад". Зимнан таваҷҷуҳи ҳозирин ба масоили вобаста ба тақвияти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, пешгирӣ аз маблағгузорӣ ва роҳ надодан ба густариши фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ҷалб карда шуд.

Илова бар ин ишора гардид, ки дастгирии молию иқтисодӣ, мусоидат ба беҳсозии зербинои иҷтимоии кишварҳои тараққикунанда ва дар ин замина муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ метавонад яке аз чораҳои эҳтиётӣ дар ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро бошад.

 

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj