Тоҷикӣ | Русский | English  

Барқияи тасаллияти Президент ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн

6 майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари таркиши газ дар ду кони ангишти вилояти Балуҷистони Ҷумҳурии Исломии Покистон боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар робита ба ин фоҷеаи ҳузнангез тасаллияти амиқи хешро ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуда, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj