Тоҷикӣ | Русский | English  

Чорабинии идона бахшида ба ҷашни “Рӯзи Ғалаба” дар ш. Боку

5 майи соли 2018 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Боку бо ибтикори Сафорат, чорабинии идона бахшида ба ҷашни 73-умин солгарди “Рӯзи Ғалаба” баргузор гардид.   

Дар чорабинӣ вакилони Милли Меҷлис (Парлумон)-и Ҷумҳурии Озарбойҷон, намояндагони Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои хориҷӣ, роҳбарияти Омӯзишгоҳи Олии ҳарбии ба номи “Ҳайдар Алиев”-и Ҷумҳурии Озарбойҷон, инчунин донишҷӯёни тоҷике, ки дар Омӯзишгоҳи зикрагардида ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ва тоҷикони муқими Озарбойҷон, иштирок намуданд.

Дар рафти чорабинӣ, Сафир суханронӣ намуда, ба иштирокчиён роҷеъ ба корнамоиҳои фарзандони ватандӯсти тоҷик, ки дар майдонҳои набард баҳри озодии диёр ва осудагии ҳамдиёрони хеш ҷонбозиҳо карданд, ба тафсил маълумот дод.

Ҳамзамон, Сафир аз дастовардҳои кишвар дар тӯли истиқлолият, рушди соҳаи иқтисодию иҷтимоӣ ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар истиқори сулҳу субот дар кишвар, инчунин оид ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018, маълумоти муфассал ба манзури иштирокчиён пешниҳод намуд.

Чорабинӣ бо оҳангу сурудҳои миллӣ ва рақс доир гардид, ки дар онҳо меҳмонон ба як завқи баланд ширкат карданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj