Тоҷикӣ | Русский | English  

Дар Душанбе Фестивали байналмилалӣ баргузор мегардад

Бахшида ба “Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 майи соли 2018 соати 13:00 дар «Боғи Ирам»- и пойтахт «Фестивали байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллӣ» баргузор мегардад.

Дар чорабинии мазкур намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе, инчунин ҳунармандон аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон намунаи ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллии хешро ба намоиш мегузоранд.

Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ шиносоӣ ва муаррифии фарҳангу тамаддун ва  анъанаву таомҳои миллии тоҷикон ва мардумони кишварҳои хориҷӣ, инчунин мустаҳкам намудани ҳамкориҳои фарҳангӣ ва муносибатҳои дустона байни кишварҳо мебошад.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj