Тоҷикӣ | Русский | English  

Дар Душанбе Фестивали байналмилалӣ баргузор гардид

Бо мақсади татбиқи ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», Вазорати корҳои хориҷии мамлакат бо дастгирии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоту идораҳои давлатии кишвар 12 майи соли 2018 дар «Боғи Ирам»-и пойтахт  «Фестивали байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллӣ»-ро бо иштироки намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе инчунин намояндагони шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор намуд.

Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ шиносоӣ ва муаррифии фарҳангу тамаддун ва  анъанаву таомҳои миллии тоҷикон ва мардумони кишварҳои хориҷӣ, инчунин мустаҳкам намудани ҳамкориҳои фарҳангӣ ва муносибатҳои дустона байни кишварҳо мебошад.

Зимни фестивали мазкур сафоратхонаҳо ва ташкилотҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе намунаи ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллии хешро ба намоиш гузоштанд. Ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллии тоҷикиро бошад, намояндагони шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муаррифӣ намуданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj