Тоҷикӣ | Русский | English  

Муаррифии маҷаллаи “Шарҳи вазъи маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи соли 2017”

14 майи соли 2018 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма ҷиҳати муаррифии  маҷаллаи “Шарҳи вазъи маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи соли 2017” чорабинии махсус баргузор гардид.

Зимни чорабинӣ Муовини вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин, Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода ва Роҳбари  Дафтари минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) Ашита Миттал суханронӣ намуда, Сардори Ситоди Агентии номбурда Шамшод Хушвахтзода маҷаллаи “Шарҳи вазъи маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи соли 2017”-ро муаррифӣ намуд ва ба ҳозирин оид ба ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар бо шарикони байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла UNODC дар соҳаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар маълумот дод.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj