Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо Сафири Финляндия

7 июни соли 2018 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Ҷумҳурии Финляндия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Никлас Линдквистро, бо қароргоҳаш дар шаҳри Ҳелсинкӣ, бинобар анҷомёбии рисолати дипломатиаш ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳои дуҷониба ва минтақавӣ, инчунин ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ карда, рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиро барои ҳар ду ҷониб муҳим арзёбӣ намуданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj