Тоҷикӣ | Русский | English  

Баргузории брифинги матбуотӣ дар ш . Ашқобод, аз натиҷаи Конфронси сатҳи баланд “Оид ба муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2

6 июни соли 2018 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон дар Меҳмонхонаи “Yyldyz”-и ш. Ашқобод брифинги матбуотӣ доир ба натиҷаи Конфронси сатҳи баланд “Оид ба муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки санаи 3-4 май дар ш. Душанбе баргузор гардида буд ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028, ки баргузории он санаи 20-22 июни соли равон дар шаҳри Душанбе дар назар аст, барпо гардид.
Дар брифинг роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Ашқобод, намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили “USAID”, “СММ”, Иттиҳоди Аврупо, Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ, намояндагони васоити ахбори оммаи кишвари иқомат ва хориҷ, аз он ҷумла шабакаҳои телевизионии “Turkmenistan”, “Altyn Asyr”, “Yaslyk”, “Miras” ва “TRT Haber” – Туркия, инчунин рӯзномаҳои “News Central Asia”, “Нейтральный Туркменистан” ва дигар расонаҳои хабарӣ ширкат доштанд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Шарифзода Фаррух Ҳомиддин ба таваҷҷӯҳи иштирокчиён оид ба суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сатҳи баланд “Оид ба муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” ва “Эъломияи Душанбе”, ки аз натиҷаи Конфронси мазкур қабул гардида буд, ҳамзамон, оид ба чорабинии муҳими дар пеш истода -  Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 маълумот манзур намуда, вобаста ба ҳадафу вазифаҳо ва натиҷаҳои интизорӣ аз Конфронси об ибрози андеша намуд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj