Тоҷикӣ | Русский | English  

Брифинг бахшида ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 ва натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи:

4 июни соли 2018 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бахшида ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 (ш. Душанбе, 20-22 июни с.2018) ва натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи: "Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез" (3-4 майи с.2018), барои хабарнигорон ва дигар доираҳои манфиатдор Брифинг баргузор карда шуд.

Дар брифинг хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷии Россия ва намояндагони корпуси дипломатии муқими шаҳри Москва иштирок карданд.

Зимни суханронӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомудин Сатторов қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси Душанберо бо мушорикати Созмони Милали Муттаҳид доир мекунад. Таъкид карда шуд, ки Конфронс бо мақсади мусоидат ба раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028, ки бо қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ 71/222 аз 21 декабри соли 2016 қабул шуд, пешбинӣ гардида, дар ҳалли масъалаҳо ва тамаркузи кушишҳо ҷиҳати дастёбӣ ба вазифа ва ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи захираҳои об саҳми муассир хоҳад гузошт.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар Конфронс иштироки бештар аз 1000 нафар меҳмонон аз 100 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла сарони давлатҳо/ҳукуматҳо ва намояндагони аршади дигар мақомоти соҳавӣ дар назар аст. Дар кори Конфронс, инчунин роҳбарон ва намояндагони созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз қабили СММ, САҲА, ИА, СААД, СҲШ, ИДМ, ББНА ва дигар институтҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд, ташкилоти марбут ба дарё ва обанборҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ширкат меварзанд.

Дар хотимаи Брифинг И.Сатторов баҳри мусоидат дар таъмини ҳаёти шоистаи аҳолии кишварҳои ҷаҳон ва наслҳои оянда, аз намояндагони давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҷиҳати иштироки фаъол дар кори Конфронси байналмилалии дар пеш истода, даъват ба амал овард.

Зимнан, сайти Конфронс бо мақсади дастрасии ҳавасмандон ба маълумоти муфассал, муаррифӣ гардид.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj