Тоҷикӣ | Русский | English  

Оғози сафари кории Президент дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай

9 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай вориди шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Чиндао меҳмони олимақом Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Дар назар аст, ки дар доираи иштирок дар Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки ин навбат дар ҳайати 8 кишвари аъзо - Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мешавад, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари кишвари мизбон ва сарони як қатор давлатҳо мулоқотҳо анҷом диҳанд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj