Тоҷикӣ | Русский | English  

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе боз як маҷмааи  варзишии замонавиро бо иштироки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб ба истифода дод,  ки аз майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейболу баскетбол, майдончаи бозӣ ва истироҳати кудакон ва гулгашт барои  фароғати калонсолон иборат аст.

Атрофи майдончаи варзишӣ бо гулҳои мавсимӣ  сабзу хуррам ва зебо гардонида шуда, сокинони хиёбони Ҳофизи Шерозии пойтахт аз бунёд ва ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар ин маҳалла хушнуд гардиданд. Онҳо дар маҳаллаашон ба истифода додани иншооти варзиширо самараи ғамхории  доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки  бунёд ва ба истифода додани майдончаҳои варзишию солимгардонӣ дар пойтахт дар заминаи татбиқи барномаҳои ободонию созандагӣ ва зебо гардонидани симои шаҳри Душанбе амалӣ мегардад.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj