Тоҷикӣ | Русский | English  

Баргардонидани кӯдакони тоҷик аз Ироқ

Ҷиҳати иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргардонидани кӯдакони тоҷик аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик, Вазорати корҳои ҳориҷӣ аз тариқи Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт ҳамоҳангиҳои лозимаро бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ ва сохторҳои дахлдори ин кишвар анҷом медиҳад. Дар ин росто, дар асоси мувофиқаҳои ҳосилшуда боз 2 кӯдаки тоҷик аз Ҷумҳурии Ироқ ба кишварамон баргардонида мешаванд.

Ҳукми дахлдор аз тарафи мақомоти судии Ироқ дар ин хусус содир шудааст ва ин кӯдакон дар рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон оварда мешаванд.

 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ талошҳои худро барои иҷрои дастури дахлдори Пешвои миллат идома хоҳад дод.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj