Тоҷикӣ | Русский | English  

Ду кӯдаки тоҷик ба Ватан баргардонида шуданд

Чунонки Вазорати корҳои хориҷӣ қаблан хабар дода буд, дар партави иҷрои Супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба Ватан баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик, ҳамоҳангиҳои лозима ҷиҳати баргардонидани боз ду кӯдаки ноболиғ бо сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Ироқ ба даст омада буданд. Субҳи 28 июни соли 2018 ин ду кӯдак аз Ҷумҳурии Ироқ ба Ватан баргардонида шуданд.

Вазорат бо дарназардошти зарурати ҳимояи ҳуқуқи атфол ва риояи ҷанбаҳои ахлоқӣ аз ифшо намудани номи бозгардондашудагон ва пешниҳоди тафсилоти бештар худдорӣ менамояд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj