Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо Раиси Гурӯҳи кории МҲТБО ва Мудири иҷроияи МҲТБО

28 июни соли 2018 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии Раиси Гурӯҳи кории он кишвар дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ҷаноби Гу Тсзипин ва Мудири иҷроияи Котиботи МҲТБО ҷаноби Гун Тсзянвей доир гардид.
Зимни мулоқот, ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои вобаста ба фаъолияти ин Машварат ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар ченакҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, таҳдиду чолишҳои замони муосир, иқтисодӣ, муҳитизистӣ (экологӣ) ва инсонӣ табодули афкор намуданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj