Тоҷикӣ | Русский | English  

Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

27 июни соли 2018 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони диаспораи тоҷик, ходимони илму фарҳанг, инчунин хабарнигорони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

Дар сухани ифтитоҳии  Сафири Тоҷикистон нақши муҳими таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори давлатдории миллӣ, раванди барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ, инчунин таъмини соҳибихтиёрии Тоҷикистон махсус таъкид гардид.

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин дастовардҳои назарраси даврони истиқлолияти давлатиро таъкид карда, аз ҳамватанони муқими Россия баҳри таҳкими минбаъдаи робитаҳо бо Тоҷикистон ва рушди ҳамкориҳои фарҳангию иқтисодӣ, инчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ваҳдати миллӣ ва ватандӯстӣ бо мақсади пешгирии ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои экстремистию террористӣ даъват ба амал овард.

Дар анҷоми чорабинӣ бо назардошти саҳми арзанда барои ҳамкории пурсамар ва рушди ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Россия ба якчанд фаъолони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ва аҳли эҷод, аз ҷумла ба Юлия Вербитская ва Ниссо Одинаева ихтихорнома ва раҳматномаҳо супорида шуд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj