Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Туркманистон

30 июни соли 2018 дар шаҳри Ашқобод мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Шарифзода Фаррух Ҳомиддин ва Раиси Маҷлиси Туркманистон Маммедова Гулшат Сахиевна баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон баррасӣ карда, зарурати ҷоннок намудани фаъолияти гурӯҳи дустӣ ва рушди ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Туркманистонро, ба нафъи таҳкими дӯстӣ миёни ду кишвар дониста, оид ба соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, илму маориф, саноату энергетка ва кишоварзӣ табодули афкор намуданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj