Тоҷикӣ | Русский | English  

Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Сафорати Тоҷикистон дар Брюссел

30 июни соли 2018 ба ифтихори рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия ва Иттиҳоди Аврупо ҳамоиши ҳамватанони бурунмарзии сокини кишварҳои Бенилюкс баргузор гардид.

Дар суханронии Сафири Тоҷикистон ва ширкаткунандагони ҳамоиш ба арзишҳои бебаҳои ҳамраъйиву ҳамкории мардуми заҳматқарини Тоҷикистон, намояндагони онҳо аз зумраи тоҷиконе, ки дар кишварҳои зери назари Сафорат сукунат доранд, таъкид қарор гирифта, зарурати якҷоягии ҳамаи тоҷикону тоҷикистониён, ки зербинои якпорчагӣ ва рушди кишвари азизамон аст, такроран мавриди таъйид буд.

Зимни ҳамоиш суҳбати доманадоре дар бораи фаъолиятҳои ҳамватанон дар кишварҳои иқомат ва дурнамои боло бурдани нақши онҳо дар муаррифии Тоҷикистон ва шарҳу тавсифи имкониятҳои сармоягузориву сайёҳии он, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ байни тимҳои гуногун ва фаъолиятҳои фарҳангӣ сурат гирифт.

Ҳамоиш ба инъикоси эҳсоси гарми ватанпарастиву ватандӯстии ҳозирин ва зарурати таҳкими ваҳдати миллӣ мубаддал гашт. 

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj