Тоҷикӣ | Русский | English  

Таҷлили рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Малайзия

30 июни 2018 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия ҷашни Ваҳдати миллӣ бо иштироки шаҳрвандон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои мухталифи муқими Малайзия баргузор гардид.

Зимни чорабинӣ Сафир меҳмононро ба муносибати ин ҷашн табрик гуфта, аз таърих ва дастовардҳои раванди Ваҳдати миллӣ ёдовар шуд ва таъкид намуд, ки маҳз бо талошу ҷонбозиҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати куҳанбунёди тоҷик бо хиради азалии худ тавонист ба ваҳдат ва ягонагӣ расида, ба ҷанги бародаркуш хотима бахшад. Сафир инчунин аз ҷавонон хоҳиш кард, ки ҳадафҳои созандаи роҳбарияти олии кишварро ҷонибдорӣ ва дастурамали ҳамешагии худ қарор диҳанд. Қайд карда шуд, ки ҳамаи ин дастовардҳо аз шарофатҳои Ваҳдати миллии тоҷикон мебошанд.

Инчунин дар ҷараёни чорабинии мазкур бо талошҳои як гурӯҳ шаҳрвандон ва донишҷӯёни муқими Малайзия дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар Ҷамъияти тоҷикони Малайзия (Tajik society in Malaysia) таъсис дода шуд.

Қайд карда шуд, ки таъсиси Ҷамъияти тоҷикони Малайзия барои баланд бардоштани обрӯву эътибори давлат ва миллати тоҷик, ваҳдату ягонагии шаҳрвандон ва кумаку дастгирии ҳамдигар, инчунин саҳми арзанда гузоштан дар таҳкими сулҳу суботи ояндаи давлату миллат дар ин кишвар муҳим мебошад

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj