Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафир бо собиқ Раиси Шӯрои Вазирони Давлати Кувайт

4 июли соли 2018 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо собиқ Раиси Шӯрои Вазирони ин кишвар Шайх Носир Муҳаммад ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, ки яке аз шахсиятҳои бонуфуз дар Давлати Кувайт ва минтақа, ҳамчунин ходими машҳури сиёсӣ маҳсуб меёбад, баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи муносибатҳои Тоҷикистону Кувайт, сафарҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт ва таъсири онҳо дар раванди густариши муносибатҳои дуҷониба суҳбат намуда, бар зарурати кашфи роҳҳои ҷадид ҷиҳати таҳкими бештари ҳамкориҳо таъкид намуданд.

Ҳамчунин перомуни вазъияти Ховари Миёнаву Афғонистон табодули афкори судманд сурат гирифт.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj