Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Ҳамоҳангсози доимии СММ ва Намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон

12 июли соли 2018 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳамоҳангсози доимии СММ ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ (БРСММ)  дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳта баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва БРСММ ва натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки 20-22 июни соли 2018 дар ш.Душанбе доир гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо ба натиҷаҳои чорабинии сатҳи баланд баҳои баланд дода, ҷиҳати андешидани чораҳои муштарак баҳри татбиқи натиҷаҳои Конфронс ва Даҳсолаи нав табодули афкор намуданд.

Вазири корҳои хориҷӣ ба БРСММ барои мусоидат дар раванди омодагӣ ва баргузории Конфронси мазкур арзи сипос намуданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj