Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Н. Зоҳидӣ бо Директори иҷроияи Шӯъбаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ “Хюман Райтс Вотч”

11 сентябри соли 2018 дар ш. Варшава дар  ҳошияи Ҷаласаи солона роҷеъ ба баррасии иҷрои уҳдадориҳои марбут ба ченаки инсонӣ, ки аз ҷониби Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони (БДИПЧ) САҲА ташкил мешавад, мулоқоти Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Зоҳидӣ бо Директори иҷроияи Шӯъбаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ  “Хюман Райтс Вотч” Хю Вилямсен, бо ташаббуси мавсуф, доир гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, таъмини озодии баён ва кафолати адолати ҳуқуқӣ мубодилаи афкор намуданд.  Дар зимн, муҳиммияти инъикоси обективии талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба иҷрои уҳдадориҳои марбут ба ченаки инсонӣ дар ҳисоботҳои солонаи ташкилоти байналмилалии ғайридавлатии мазкур, таъкид гардид.
 

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj