Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Н.Зоҳидӣ бо Директори Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (ODIHR) САҲА

11 сентябри соли 2018 дар шаҳри Варшава дар ҳошияи ҷаласаи солона оид ба баррасии иҷрои ӯҳдадориҳо марбут ба ченаки инсонӣ, ки аз ҷониби Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (ODIHR) САҲА баргузор гардид, мулоқоти Муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ Н.Зоҳидӣ бо Директори Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (ODIHR) САҲА хонум И. Гисладоттир доир шуд.

Зимни мулоқот хонум И. Гисладоттир миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сафарбар намудани ҳайати тоҷикистонӣ барои иштирок дар ҷаласаи солонаи Дафтари мазкур изҳор намуд.

Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (ODIHR) САҲА барои таҳкими сулҳу амният ва субот дар минтақаи САҲА-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳайати Тоҷикистон изҳор намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои САҲА-ро ҷонибдорӣ карда, вале қайд мекунад, ки иштироки ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои аз ҷониби ҳукуматҳои аъзои САҲА барои содир намудани ҷинояту амалҳои террористӣ айбдоршуда дар ҷаласаҳои минтақавии ин Дафтарро қобили қабул намешуморад. Ҷонибҳо аҳамияти идомаи ҳамкориҳо дар амалҳои муборизаи ҳамаҷониба ҷиҳати таҳкими сулҳу амният ва ҳимояи  ҳуқуқу озодии инсонро таъкид намуданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj