Тоҷикӣ | Русский | English  

Таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар пойтахти Аврупо

27 сентябри соли 2018 дар толори таърихию барҳавои Ҷамъияти шоҳаншоҳии адабиёт ва фарҳанги Подшоҳии Белгия зиёфати расмии пуршукуҳе ба ифтихори таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо карда шуд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони воломақоми Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла вакилони Парлумони Аврупо ва масъулони дигар идораҳои он, Подшоҳии Белгия, Подшоҳии Нидерланд, Ҳертсогии Бузурги Люксембург, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими Брюссел, роҳбарону шахсони расмии Созмонии умумиҷаҳонии гумрук, Паймони Нерӯ, Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ), намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва ВАО ва аъзоёни диаспораи тоҷикони кишварҳои Бенилюкс ширкат варзиданд.

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода ба чорабинӣ оғоз бахшида, дар бораи пешрафту дастовардҳои соҳаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 27 соли истиқлолият, бахусус нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳу субот ва рушду нумуи кишвар ва густариши ҳамкориҳои мо бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои мавриди масъулият суханронӣ намуд.

Алалхусус, фазои айвони ин бинои таърихӣ, ки бо расмҳо, намунаи ҳунарҳои миллӣ, сӯзаниҳо, асбобу анҷомҳои фарҳангӣ ва китобу брошюраҳо доир ба имкониятҳои сайёҳии кишвар ороиш дода шуда буд, симои зебо ва имкониятҳои мухталифи сайёҳию иқтисодии Тоҷикистонро ба меҳмонон муаррифӣ кард.

Ин зиёфати расмӣ таҳти садои мусиқии ҳунармандони касбии ватании муқими Аврупо ва пешниҳоди таомҳои гуногуни миллӣ сурат гирифт, ки ҳозиринро бо фарҳанги ғанӣ ва таърихи қадимаи миллати тоҷик ошно намуд.

Ҳамоиши ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон фазои дилчаспу мафтункунандаи кишвари моро ба тасвир дод. 

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj