Тоҷикӣ | Русский | English  

Суханронии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии канории “Мардум ва сайёра: Осиёи Марказӣ барои ҳамбастагии байналмилалӣ даъват мекунад

27 сентябри 2018 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар чорабинии канории “Мардум ва сайёра: Осиёи Марказӣ барои ҳамбастагии байналмилалӣ даъват мекунад", ки аз ҷониби Намояндагии доимии Қирғизистон дар СММ ташкил гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар суханронии худ М. Маҳмадаминов роҷеъ ба хавфҳои марбут ба манбаъҳои собиқи истихроҷи уран дар кишвари мо маълумот дода, изҳори умедворӣ намуд, ки чунин чорабиниҳо ба фаъолнокӣ ва густариши талошҳо барои солимгардонии иншооти собиқи истихроҷи уран дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳанд кард.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj