Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Президент бо доираҳои соҳибкории Япония

5 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар шаҳри Токио бо роҳбарияти Ассотсиатсияи тиҷорат бо Россия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ROTOBO) ва корпоратсияҳои бонуфузи Япония Иточу (ITOCHU), Марубени (Marubeni), Митсубиши (Mitsubishi), Сумитомо (Sumitomo), Соҷитс (Sojitz), МУФГ Банк (MUFG Bank), Кавасаки Ҳеви Индастриес (Kawasaki Heavy Industries LTD.)  мулоқот карданд.

Зимни баромади худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фазои амну суботи кишвар, имконоти васеъи сармоягузорӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё гардидааст, андешаронӣ намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷалби технологияи муосир, сармоягузорӣ ба татбиқи лоиҳаҳои барои ҷонибҳо судманд, таъсиси корхонаҳои муштарак, таҳкими ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, зарурати ба роҳ мондани муносиботи зичу пурсамари ташкилотҳои молиявӣ ва сармоягузории Япония суханронӣ карданд.

Дар мулоқот имконоти мусоиди ҳамкорӣ дар самти иштироки ширкатҳо ва ташкилотҳои молиявии японӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, алалхусус дар соҳаи тиҷорат, сохтмон, нақлиёту алоқа, саноати куҳӣ, саноати сабук ва хӯрока, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти он, туризм, дар бахши гидроэнергетика, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ ва дигар соҳаҳои барои тарафҳо манфиатбахш, муаррифӣ карда шуд.

Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои истихроҷи маъданҳо, коркарди аллюминий, боғдорӣ, заминдорӣ, чорводорӣ, истеҳсолу коркарди пахта ва бо истифодаи захираи бузурги растаниҳои табиии шифобахш густариши ҳамкорӣ дар соҳаи фармасевтӣ муҳим арзёбӣ карда шуд. Дар соҳаи фармасевтӣ фаъолияти корхонаи муштараки “Аввалин” оид ба коркарди растаниҳо ва истифодаи маҳсулот аз онҳо, намунаи беҳтарини ҳамкории дуҷониба маънидод гардид.

Таъкид шуд, ки ҷониби Тоҷикистон омодааст ҳамкориро бо Асотсиатсияи тиҷорат бо Россия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ROTOBO) ва корпоратсияҳои бонуфузи Япония оғоз намуда, робитаҳоро таҳким бахшад.

“Тоҷикистон барои ба роҳ мондани тиҷорат ва маблағгузорӣ дар асоси манфиатҳои дуҷониба, имкониятҳои фарох дорад ва мо омодаем, дилхоҳ пешниҳодро барои рушду густариши муносиботи иқтисодию тиҷоратӣ ва маблағгузорӣ баррасӣ намоем” иброз доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз доираҳои соҳибкории Япония даъват ба амал оварданд, ки барои шиносоии наздик бо имконоти сармоягузории кишвари мо ба Тоҷикистон ташриф оранд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj