Тоҷикӣ | Русский | English  

Намоишгоҳ дар Париж бахшида ба Соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса бахшида ба Соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар ҳамкорӣ бо рассоми маъруфи тоҷик Қодир Раҳимов 1 то 13 октябри соли 2018 дар Париж намоишгоҳи тасвирҳоро баргузор намуд.

Санаи 4 октябр маросими ифтитоҳи намоишгоҳи номбурда дар  Galerie MONOD дар Париж бо иштироки арбобони санъати тасвирӣ аз Фаронса, Россия ва Эрон, инчунин меҳмонон аз ҷумлаи намояндагони диаспораи тоҷик, дипломатҳо, донишҷӯён, инчунин муқимони Париж ва меҳмонони пойтахти Фаронса гузаронида шуд. Дар ҷараёни чорабинӣ ташрифовардагон имкон доштанд, ки бо расмҳои дорои унсурҳои омехтаи милливу аврупоӣ ошно гарданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj