Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки Сафири Тоҷикистон дар Чин П. Давлатзода дар Форуми 3-уми Байналмилалии Шанхай

Сафири Тоҷикистон дар Чин П. Давлатзода бо даъвати Донишгоҳи Шанхай ва Институти Россия,Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин, 24-25 октябри соли 2018 дар шаҳри Шанхай дар Форуми 3-уми Байналмилалии Шанхай «Камарбанд ва роҳ», субот ва пешрафт дар Авруосиё» иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар кори Форум намояндагони муассисаҳои илмӣ -тадқиқотӣ, таҳсилоти олии Чин ва дигар кишварҳо иштирок доштанд. Дар доираи Форум мулоқотҳои дуҷонибаи Сафир П. Давлатзода бо роҳбарияти Донишгоҳи Шанхай ва Институти Россия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ва дигар намояндагони муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардиданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj