Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки ширкатҳои Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии озуқаворӣ дар Париж

Аз санаи 21 то 25 октябри соли равон бо дастгирии Вазорати кишоварзӣ ва Палатаи савдо ва саноати Фаронса дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса  бузургтарин Намоишгоҳи байналмилалии озуқаворӣ дар толори SIAL (Salon International de l'alimentation) баргузор гардида истодааст. Дар Намоишгоҳ бори аввал намояндагони ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон, аз ҷумла “ ECO Fruit Isfara”, “ORO Isfara”  ва “«Apricot & Company»”, ки дар самти коркард ва басту банди меваҳои тару тоза ва хушкмеваҳо фаъолият доранд, ҷиҳати муаррифии маҳсулоти озуқаворӣ иштирок доранд.

Бояд зикр намуд, ки Намоишгоҳи байналмилалии озуқаворӣ бо навбат як сол дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ва соли дигар дар шаҳри Кёлни Ҷумҳурии Федеративии Олмон гузаронида мешавад.Ин чорабинӣ бори аввал соли 1964 дар Париж баргузор гардида буд.

Имсол дар Намоишгоҳи зикргардида  беш аз 14 800 ширкатҳо аз 109 давлати дунё иштирок дошта,  маҳсулоти  кишварҳои худро ба маърази тамошо мегузоранд, ки ин барои рушди тиҷорати байналмилалӣ ва минтақавӣ имконияти васеъ фароҳам меорад.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj