Тоҷикӣ | Русский | English  

Ҳамоиши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ дар Брюссел

25 октябри соли 2018 дар Брюссел Ҳамоиши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ таҳти унвони "Тоҷикистон: кишвари имкониятҳо" (Tajikistan: A Land of Opportunities) барпо карда шуд.

Дар Ҳамоиши мазкур намояндагони воломақоми идораҳои мухталифи Иттиҳоди Аврупо масъулони мақомоти кишвари иқомат, роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои мухталиф ва доираҳои соҳибкорӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва ВАО-и Подшоҳии Белгия, Подшоҳии Нидерланд ва Ҳертсогии Бузурги Люксембург ширкат варзиданд.

Чорабинии фавқузикрро Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода ифтитоҳ намуд ва ба ҳозирин дар бораи пешрафти соҳаҳои мухталифи кишвар, бахусус бахшҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва сайёҳии он иттилоъ дод, ки дар натиҷа имконоти сармоягузории кишвар ва муҳимтарин бахшҳои сайёҳию барои сармоягузори ҷолиби Тоҷикистон ба ҳозирин, аз он ҷумла намояндагони ширкатҳои мухталифи сайёҳию тиҷоратии кишварҳои зери назар расонида шуд. Аз ҷумла, зимни суханронии Намояндаи доимӣ иттилои муфассал оид ба лоиҳаҳои бахшҳои сармояталаби кишвар, аз қабили имкониятҳо дар бахшҳои энергетика, саноат, маъданҳои табиӣ, кишоварзӣ, тавлиди доруворӣ дар шакли презентатсия манзур гардид.
Намояндаи доимӣ ва маърӯзачиён дар мавзӯи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон суҳбат намуда,  дар робита ба тағйироту таҳаввулоти дар фазои сармоягузории кишвар ба амал омада ва имтиёзоти сармоягузорон ибрози андеша намуданд ва зарурати ҳамкории босамар бо Тоҷикистонро таъкид доштанд.

Як қисмати муҳими чорабинӣ, ки ба эълон шудани соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон бахшида шуда буд, қобили таваҷҷуҳи амиқи ширкаткунандагони Ҳамоиш гардид. Бахусус, ба намоиш гузоштани мусаввараҳои рассоми тоҷик Қодир Раҳимов, пешниҳоди навори видеоӣ дар бораи манзараҳои дилчаспу нотакрори сайёҳии кишвар ва сӯзаниҳои ҳунармандони тоҷик ҳозиринро ба ваҷд оварданд. Меҳмонони Ҳамоиш таъкид карданд, ки ошноӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва табиати дилпазири он имкониятеро барои боздид аз кишвар ва ҳамкорӣ бо он фароҳам меорад.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj