Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки Сафорат дар Форуми сайёҳии “Роҳи Абрешим”

26 октябри соли ҷорӣ Сафорати Тоҷикистон дар Олмон дар Форуми сайёҳӣ зери унвони “Роҳи Абрешим”, ки бо ташаббуси ширкати сайёҳии “China Tours” ва Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Олмон баргузор гардид, иштирок намуда, роҷеъ ба дастовардҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имкони ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баромад намуд.

Дар муҳокимаи интерактивӣ бо иштироки намояндагони сафоратҳои кишварҳои ҳавзаи Роҳи Абрешим, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба рушди туризми минтақавӣ, мушкилоти мавҷуда ва имкониятҳои ҳамкорӣ мубодилаи афкори судманд баргузор гардида, ба саволҳои намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва доираҳои ҳавасманди кишвари иқомат роҷеъ ба фазои сармоягузорӣ, инфрасохторҳои сайёҳӣ ва имкони таъсиси ширкатҳои муштарак посух дода шуд.

Ҳамзамон дар Форум гӯшаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, ба иштирокдорон маводҳои таблиғотиву ташвиқотии кишвар пешкаш гардиданд.

 

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj