Тоҷикӣ | Русский | English  

Муаррифии фазои сармоягузории Тоҷикистон

23 октябри 2018 дар чаҳорчӯби баргузории силсилаи чорабиниҳои ЮНКТАД оид ба сармоягузорӣ, иҷлоси муштараки Палатаи савдои Швейтсария ва кишварҳои Осиеи Марказӣ баргузор гардид.

Дар рафти иҷлос Сафир ҳозиринро бо имкониятҳои сармоягузорӣ дар кишвари мо муаррифӣ намуд. Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди фазои сармоягузорӣ махсусан қайд гардид. Ба иштирокчиёни форум оид ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон маълумоти зарурӣ пешниҳод гардид.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj