Тоҷикӣ | Русский | English  

Баромади Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои омӯзиши давлатҳои Осиёи Марказии Донишгоҳи Пешовар

26-уми октябри соли 2018 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ҷонон дар Шӯрои омӯзиши кишварҳои Осиёи Марказии Донишгоҳи Пешовар дар мавзӯи «Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Покистон»  баромад намуд.

Дар баромади худ сафири Тоҷикистон оид ба таърих, ҳолати кунунӣ ва дурнамои равобити ду кишвар сухан гуфта, нуктаи назари Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои сулҳу амният дар минтақа, саҳми Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ ва нақлиётӣ баён намуда, ба баъзе ҷанбаҳои вобаста ба рушди тиҷорати дуҷониба гуфта гузашт.

Дар интиҳои баромади хеш Шералӣ Ҷонон ба саволҳои устодону олимон ва донишҷуёни Донишгоҳи Пешовар ҷавоб дода, дар бобати барқарор намудани равобити Шӯрои мазкур бо муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ироа кард.

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин дар рафти ин сафари худ бо муовини ректори Донишгоҳи Пешовар Осиф Хон мулоқот намуда, аз Маркази оид ба омӯзиши сулҳ ва низоъшиносии ин Донишгоҳ дидан намуд.
   

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj