Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Муҳриддин бо Роҳбари Ҳизби либералӣ-демократии Россия В. Жириновский

1 ноябри соли 2018 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Муҳриддин бо Роҳбари Ҳизби либералӣ-демократии Россия В. Жириновский баргузор шуд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Россия дар соҳаҳои иқтисод, кишоварзӣ, саноат, энергетика, илму маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тарафҳо барои идома ва густариши муносибатҳои мутақобилан судманди дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф ҷонибдории хешро изҳор намуданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj