Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Зоҳидӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Зеландияи Нав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иэн Хэлли

1 ноябри соли 2018 Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Зоҳидӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Зеландияи Нав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иэн Хэллиро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Зеландияи Нав, аз ҷумла ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва вазъият дар Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми якдигар иброз намуданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj