Тоҷикӣ | Русский | English  

Баргузории ҷаласаи 234-уми Шӯрои намояндагони доимии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Мозандарон

05 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Сори, устони Мозандарони Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти раёсати  Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СҲИ Н.Эмомзода ҷаласаи 234-уми Шӯрои намояндагони доимии Созмони ҳамкории иқтисодӣ,  бо ҳузури Дабири кулли СҲИ ва сафирони кишварҳои узв (Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Покистон, Эрон, Туркия,Туркманистон, Ӯзбекистон) баргузор гардид.

Яке аз масъалаҳои дар ҷаласаи 234-уми Шӯрои намояндагони доимии СҲИ баррасишуда омодагиҳо барои ҷаласаи 29-уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ буд, ки қарор аст моҳи декабр дар Дабирхонаи созмон (ш.Теҳрон) таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардад.

Дар ҳошияи сафари корӣ, мулоқотҳои алоҳидаи Сафири Тоҷикистон бо муовини роҳи оҳани Эрон, раиси “Бандари Амиробод”  ва устондори Мозандарон баргузор гардид, зимни он ҷонибҳо ҳамкории Тоҷикистону Эронро дар соҳаи роҳи оҳан ва ҳамлу нақл мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати тақвияти онро таъкид доштанд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj