Тоҷикӣ | Русский | English  

Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ дар Чин

28 ноябри соли 2018 дар ш.Кунмини Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оғоз гардид, ки дар кори он ҳайати Тоҷикистон низ иштирок дорад.

Рӯзномаи ҷаласа беш аз 50 мавзӯъро вобаста ба доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳо дар доираи Созмон, аз ҷумла баррасии натиҷаҳои ҷаласаҳои баргузоргардида ва омодагӣ ба ҷаласаҳои дарпешистода, инчунин лоиҳаи ҳуҷҷатҳои бисёрҷонибаро  дарбар мегирад.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj