Тоҷикӣ | Русский | English  

Ҷаласаи навбатии ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва Сенати Подшоҳии Белгия

30 ноябри соли 2018 дар бинои Сенати Подшоҳии Белгия дар шаҳри Брюссел ҷаласаи навбатии ҳайати вакилони  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таҳти роҳбарии Шариф Раҳимзода - Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия бо ҳайати сенаторони Гурӯҳи дӯстии Иттиҳоди байнипарлумонии Белгия ва Тоҷикистон таҳти роҳбарии сенатор Алайн Дестекс баргузор гардид.

Зимни ҷаласа ҷонибҳо вазъи кунунии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сайёҳӣ,  баробарии гендерӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Тоҷикистон, вазъи сарҳад бо Афғонистон, мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм ва роҳҳои тақвияти минбаъдаи муносибатҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Подшоҳии Белгияро баррасӣ намуданд. Ҳамзамон иштироккунандагон масъалаҳои гуногуни байналмилалӣ ва минтақавиро низ муҳокима намуданд.

Ҷаласа дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ доир гардида, ҷониби Белгия пешниҳоди Тоҷикистонро барои ташриф ба Тоҷикистон ва гузаронидани ҷаласаи навбатӣ дар ш.Душанбе пазируфт.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj