Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Мудири Дафтари САҲА оид ба ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон

6 декабри соли 2018 дар шаҳри Милан дар ҳошияи ҷаласаи 25-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи САҲА Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Мудири Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсон (ДНДҲИ) хонум Ингибёрг Гисладоттир мулоқот намуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба самтҳои асосии ҳамкорӣ миёни мақомоти дахлдори Тоҷикистон бо ДНДҲИ, аз ҷумла мусоидати  ниҳоди мазкури САҲА дар татбиқи уҳдадориҳои кишвар дар чаҳорчӯби ченаки инсонии созмон, инчунин ширкати намояндагони Тоҷикистон дар ҳамоишҳои ин ниҳод мубодилаи афкор намуданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj