Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин

10 декабри соли 2018  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи Сафири навтаъйини Фавқулода  ва  Мухтори Ҷумҳурии Мардумии  Чин ҷаноби Лю Бинро қабул кард.   

Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои наздики ҳамкориҳои  мутақобилан судманди ду кишвари ҳамҷавору дӯст ва шарики стратегиро  дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, нақлиёт,  саноат, маориф, илмӣ-техникӣ, фарҳангиву гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.  

 Ҷонибҳо инчунин доир ба ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, ШОС, МҲТБО ва ғайра табодули афкор намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Лю Бинро  ба муносибати таъйин шуданаш ба ҳайси  Сафири Фавқулода  ва  Мухтори Ҷумҳурии  Мардумии  Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик  намуда,  барояш комёбӣ ва  ба  кишвари дӯсти Чин шукуфоӣ таманно кард.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj