Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамгироии аврупоии Ҷумҳурии Молдова

Рӯзи 10 декабри соли 2018 дар шаҳри Кишинев дар ҳошияи баргузории ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина ва Ҷумҳурии Молдова Файзулло Холбобоев бо Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамгироии аврупоии Ҷумҳурии Молдова хонум Татяна Молчан баргузор гардид.

Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ, илму маориф ва фарҳанг, инчунин рафти баргузории ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкориҳои тичоратӣ, иқтисодӣ ва илмию техникиро муҳокима намуда, ҷиҳати беҳтар намудани робитаҳои тарафайн ва рушди ояндаи муносибатҳои дуҷониба ибрози назар намуданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj