Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки Вазир С.Муҳриддин дар Нахустин муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон”

12-13 январи соли 2019 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Нахустин муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон” дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ иштирок намуд.
Дар ин муколама Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон хонум Сушма Свараҷ ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов раисӣ карданд.

Инчунин дар муколама роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Бейбут Атамкулов, Ҷумҳурии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков, Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Туркманистон Рашид Мередов иштирок намуданд.

Муколама аз ду сессияи пленарӣ дар мавзӯъҳои “Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ” ва “Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон” иборат буд.

Дар  сессияи “Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ”  дар мавриди доираи васеи масъалаҳои рушди ҳамкориҳои судманд ва тақвияти равобити дӯстона байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Ҳиндустон, аз ҷумла тадбирҳо оид ба мусоидат ба тиҷорати мутақобила, дурнамои таҳкими ҳамкорӣ дар самти ҷалби сармоя, инноватсия ва технология ба иқтисодиёти минтақавӣ, рушди иқтидори нақлиёти транзитӣ ва коммуникатсионии кишварҳои Осиёи Марказӣ, афзоиши сайёҳон, лоиҳаҳои мушаххаси муштарак дар соҳаи илм, тандурустӣ, маориф ва варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Дар нишаст оид ба мавзӯи “Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон” Вазири корҳои хориҷии  Ҷумҳурии  Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ бо ҳайати ҳамроҳаш иштирок намуд.

Вазирони корҳои хориҷии Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ иштироки ҳайати воломақоми Афғонистонро дар мулоқоти аввалини худ хуш пазируфта, ӯҳдадориҳояшонро оид ба ривоҷи иқтисоди Афғонистон бо роҳи татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории муштарак, транзитӣ, энергетикӣ ва дигар лоиҳаҳое, ки ба ҳамгироии Афғонистон ба системаи муносибатҳои иқтисодии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат мекунанд, таъкид намуданд.
Иштироккунандагони муколама омодагии худро оид ба баргузории Конфронси 8-уми минтақавии ҳамкории иқтисодӣ оид ба Афғонистон (REССА VIII), ки дар нимсолаи дуюми 2019 дар Тошканд пешбинӣ шудааст, тасдиқ карданд.

Дар фарҷоми ин чорабинӣ  Изҳороти муштарак дар бораи оғози механизми муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ» дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ қабул гардид.

 

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj