Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯриҳои Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Муколамаи “Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ”

Дар ҳошияи баргузории Муколамаи “Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ” дар ш.Самарқанд мулоқотҳои Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон доир гардиданд.

Дар вохӯрӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаноби Абдулазиз Комилов, ба ҷониби Ӯзбекистон изҳори миннатдорӣ аз ҳусни мусоидат ҷиҳати баргузор намудани аввалин Муколамаи Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон баён карда шуд.

Ҷонибҳо ба комёбиҳои бесобиқа дар соли 2018 дар пешбурди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ишора карда, таъкид карданд, ки барои татбиқи фарогири мувофиқаҳои зимни сафарҳои давлатии роҳбарони ду кишвар ҳосилшуда ҳар ду ҷониб пайгирона амал менамоянд.

Бо изҳори қаноатмандӣ аз афзоишёбии қобили мулоҳизаи гардиши савдои мутақобила дар соли гузашта байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ҳамзамон зарурати тақвияти ҳамкориҳо дар ин самт тибқи супориши роҳбарони ду давлат бо истифода аз имкониятҳои нуҳуфта таъкид гардид.

Дар ин робита истифода аз зарфиятҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ, ки ҷаласаи навбатии он соли 2019 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад, зарур шуморида шуд.

Зимни мулоқот бо Вазири навтаъйини корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаноби Бейбут Атамкулов маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба, аз ҷумла дастурҳое, ки роҳбарони ду кишвар ҳангоми вохӯриҳои дуҷониба ба сохторҳои дахлдор додаанд, мавриди муҳокима қарор гирифт.

Аз ҷумла таъкид карда шуд, ки мақомоти марбутаи ду кишвар иқдомҳои заруриро ҷиҳати афзун гардонидани ҳаҷми савдои мутақобила роҳандозӣ менамоянд.

Дар мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков мавзӯъҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва роҳҳои ҳалли масоили мавҷуда баррасӣ гардид, аз ҷумла доир ба ҳалли масоили делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ ва мушкилоти минтақаҳои наздисарҳадӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҷониби Тоҷикистон бори дигар ба зарурати худдорӣ аз амалҳои якҷониба бидуни ҳамоҳангӣ дар минтақаҳои баҳсноки сарҳадӣ, паст намудани шиддат байни аҳолии он минтақаҳо, ҳар чӣ зудтар имзо намудани Аҳднома байни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Ќирѓизистон дар бораи Сарњади давлатии ду кишвар бо инобати хати сарњади ќаблан мувофиќашуда ва дигар масъалаҳо бо ташдид ишора кард. Дар ин робита Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарурати баргузории ҳамзамони ҷаласаҳои навбатии комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ ва оид ба баррасии маҷмӯи масоили дуҷониба таъкид намуд.

Ҳамчунин ҷонибҳо атрофи масоили мубрами обию энергетикӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, инчунин дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, маорифу илм ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор намуда, тавсеаи ҳамкориҳоро дар ин соҳаҳо ба мақсад мувофиқи шумориданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj