Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркиябо Раиси тозатаъини Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Туркия

17 январи соли 2019 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён бо Раиси тозатаъини Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Туркия Аҳмет Узер баргузор гардид.

Зимни вохурӣ ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносибат ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркия, аз ҷумла ҳамкориҳои байнипарлумониро мавриди баррасӣ қарор дода, аз рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ҷиҳати густариши ҳамкориҳои фарогир пуштибонӣ намуданд. Дар ин раванд, ба афзоиши тамосҳо, сафарҳои ҳайатҳои байнипарлумонӣ ба кишварҳои ҳамдигар, табодули таҷриба ба сифати омилҳои муҳими таҳкиму густариши муносибатҳои дуҷониба таъкид гардид.

Ҳарду ҷониб, дар раванди ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Туркия нақши гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии ду кишварро муҳим арзёбӣ намуданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj