Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштирок дар намоишгоҳи “Бозори Кувайт”

Санаи 9 феврали 2019 бо сарпарастӣ ва иштироки Раиси Музофоти Фаравонияи Давлати Кувайт Шайх Файсал ал-Ҳамуд дар "Боғи ҳайвоноти"-и кишвари иқомат бо иштироки сафоратҳои муқим, созмонҳо ва ширкатҳои маҳаллӣ ба муносибати 58-умин солгарди Истиқлолият ва 28-умин солгарди рӯзи озодии Кувайт аз Ироқ намоишгоҳ зери унвони “Бозори Кувайт” баргузор гардид, ки дар он Сафорати Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуд..

Тибқи барномаи пешбинишуда дар ин чорабинӣ барои ҳар як Сафорати иштирокчӣ гӯшаи махсус таъсис дода шуда, ҳар як кишвар либос, таъом ва дигар ашёҳои миллии хешро ба намоиш гузоштанд.

Гӯшаи Тоҷикистон, ки дар масофаи тақрибан 10 метри мураббаъ ҷойгир буд, бо гулдӯзӣ, таъомҳои миллӣ, аксҳо аз минтақаҳои сайёҳии кишвар, кати тоҷикӣ, ки болои инро кӯрпаю болиштҳои миллӣ, дастурхони тоҷикӣ, ки онро меваи тару тоза ва хушк, ҳар гуна шириниҳо ва асали ватанӣ зиннат мебахшиданд, оро дода шуд. Ҳамчунин дар як тарафи гӯшаи мо китобҳо аз таълифоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маълумотномаҳо дар бораи имкониятҳои сармоягузориву сайёҳӣ ва харитаи сайёҳии кишвар ҷиҳати муаррифии кишвар ва ҷалби сайёҳону сармоягузорон ба намоиш гузошта шуд.

Ҳангоми чорабинӣ Раиси музофоти Фаравония Шайх Файсал ал-Ҳамуд аз гушаи Тоҷикистон дидан намуд.
Бояд зикр кард, ки дар чорабинии мазкур намояндагони илму адаб, вазорату идораҳо, аҳли фарҳанг шаҳрвандони тоҷики муқими Кувайт ва сафирони кишварҳои хориҷӣ иштирок доштанд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj