Тоҷикӣ | Русский | English  

МАЪРӮЗА БАРОИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Меҳмонони арҷманд!

Густариши муносибатҳои ду ва чандҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ авлавияти асосии сиёсати хориҷии кишварамон буда, муҳимтарин самти фаъолияти Вазорати корҳои хориҷиро ташкил медиҳад. Дар ин росто, тӯли соли 2018 чанд дидору мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дохил ва хориҷи мамлакат доир гардиданд, ки дар самти тавсеаи муносибатҳо дорои аҳамияти ҳалкунанда буданд ва Вазорат дар танзиму ташкили онҳо саҳми меҳварӣ дошт.

Дар самти тавсеаи муносибатҳо бо шарикони анъанавӣ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ 11 сафари хориҷии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва иштирок дар мулоқоти кории сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (14-15 март), сафари корӣ ба шаҳри Ню-Йорки ИМА ҷиҳати иштирок дар чорабинӣ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, 2018-2028» (20 — 23 март), сафари корӣ ба шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (9 — 11 июн), сафари корӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия (14 июн), сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон барои иштирок дар таҷлили 20 — солагии пойтахти Қазоқистон — Остона ва муаррифии «Маркази байналмилалии молиявии Остона» (6 июл), сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон (9 — 11 август), сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон (17 — 18 август), сафари корӣ ба Туркманистон барои иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои муассиси Хазинаи байналмилалии Наҷоти Арал (24 август), сафари расмӣ ба Япония (3 — 6 октябр), сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон барои иштирок дар ҷаласаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (8 ноябр), сафари корӣ ба Федератсияи Россия барои иштирок дар Ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ (6 — 7 декабр) боиси кушода шудани уфуқҳои нав дар ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ҷаҳон гардиданд.

Соли 2018 аз лиҳози ташрифи ҳайатҳои зиёди хориҷӣ ба Тоҷикистон дар таърихи кишвар бесобиқа буд. Зеро тақрибан 400 ҳайати гуногунсатҳи кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд ва 62 мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони ҳайатҳои хориҷӣ баргузор гардид, ки барои густариши бештари муносиботи байналмилалӣ дар асраи ҷаҳонӣ саҳми муассир дошт. Дар ин давра сафарҳои расмӣ (1 — 2 феврал) ва кории (27 — 28 сентябр) Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон С. Жээнбеков, сафари давлатӣ (9 — 10 март) ва кории (27 — 28 сентябр) Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. Мирзиёев, сафари расмӣ (16 — 18 май) ва кории (27 — 28 сентябр) Президенти Ҷумҳурии Беларус А. Лукашенко, сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн (19 июн), сафари кории Президенти Туркманистон Г. Бердимуҳаммедов (20 июн), сафарҳои кории Президенти Федератсияи Россия В. Путин, Президенти Қазоқистон Н. Назарбоев, Президенти Озарбойҷон И. Алиев, Президенти Молдова И. Додон, Сарвазири Арманистон Н. Пашинян (27-28 сентябр), сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натҳ Ковинд (7-9 октябр), сафари расмии Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Д. Медведев (31 май), сафари расмии Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Халқии Хитой Ли Кетсян (12-14 октябр), сафари расмии Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло (21 июн), сафари расмии Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов (19-20 ноябр), сафарҳои кории муовини муншии умумии СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лиу Женмин (19-21 июн), ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ Сирил Мюллер (15-16 ноябр) ва дигар ҳайатҳои баландмақом ба Тоҷикистон анҷом ёфтанд.
Дар доираи ин сафарҳо як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои шарик, дар соҳаҳои гуногун ба имзо расиданд.   Дар маҷмӯъ, дар соли 2018 заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон бо шарикони он бо имзои 127 санади дуҷониба дар бахшҳои гуногун таҳкими бештар ёфт, ки аз онҳо: 7 адад санадҳои сиёсӣ, 32 адад шартномаҳои байниҳукуматӣ, 36 адад шартномаҳои байналмилалии байниидоравӣ ва байнимуассисавӣ, 37 адад ёддоштҳо  ва протоколҳои байниидоравӣ ва 15 адад барномаҳои ҳамкории байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ буда, соҳаҳои гуногунро дарбар мегиранд.

Соли 2018 бо баргузор гардидани нишасту чорабиниҳои зиёди байналмилаливу минтақавӣ низ дар таърихи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун соли беназир сабт мегардад. Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (16-17 апрел), конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез (3 — 4 май), ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ (31 май-01 июн), конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, 2018-2028» (20-22 июн), ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ (27 сентябр), ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ (28 сентябр), ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (11-12 октябр), маросими тантанавӣ ба муносибати ба истифода додани чархаи якуми НБО «Роғун» (16 ноябр) ва даҳҳо нишасту чорабиниҳои дигар Тоҷикистон ва шаҳри зебои Душанберо ба маркази тасмимгириҳо дар масоили минтақавию ҷаҳонӣ табдил доданд.

Соли 2018 соли раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои бонуфузи минтақавӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буд. Тибқи консепсияи раисии Тоҷикистон, ки бо ҳидояти Пешвои миллат таҳия гардид, муҳимтарин ҳадафҳои раёсати кишвар дар таҳкими минбаъдаи ҳамгироии кишварҳои иштирокдори ИДМ баҳри таъмини амнияту субот, тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муайян гардиданд.
Дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кишварҳои иштирокдор, Кумитаи иҷроия, дигар мақомоти салоҳиятдор ва соҳавии Иттиҳод беш аз 100 чорабинии дорои аҳамияти умумӣ, аз ҷумла қариб 40 ҷаласаи шӯроҳои соҳавӣ баргузор гардиданд, ки бозгӯи вусъат ва ғаномандии муҳтавои раёсати кишвар маҳсуб мешавад. Муҳимтарин ҷаласаҳои мақомоти олии ИДМ — Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ (1 июн) ва Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ (27-28 сентябр) дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуданд. Ҳуҷҷатҳо ва қарорҳои муҳиме, ки дар ҷаласаҳо қабул гардиданд, ба таҳкиму густариши муносибатҳои шарикӣ миёни кишварҳои иштирокдори ИДМ мусоидат мекунанд.
Яке аз рӯйдодҳои муҳими соли сипаришуда баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Душанбе (11-12 октябр) буд. Дар он маҷмӯи васеи масоили ҳамкории иқтисодӣ ва гуманитарӣ дар минтақаи бузурги Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ гардида, даҳ қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ ва ду санади нави ҳамкорӣ байни вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои аъзои СҲШ ба имзо расиданд, ки ба тақвияти минбаъдаи ҳамкории бисёрҷанба дар доираи СҲШ нигаронида шудаанд. Дар маҷмӯъ, дар давраи раисии Тоҷикистон дар Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и кишварҳои аъзои СҲШ 72 чорабинии гуногунсатҳ баргузор гардид, ки аз нақши кишвар дар рушди фаъолияти ин созмони муътабари ҷаҳон шаҳодат медиҳанд.
Соли 2018 раёсат дар Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) низ ба уҳдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар робита ба раёсат дар ин ниҳоди иқтисодии минтақавӣ, 16-17 апрел дар шаҳри Душанбе бо иштироки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардид. Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он зарурати таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ дар минтақаи СҲИ таъкид гардида, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар раванди ҳамгироии бештари минтақа ва некуаҳволии мардуми он муҳим арзёбӣ шудааст, аз ҷониби ширкаткунандагони иҷлосия истиқболи гарм пайдо кард. Қабул гардидани Барномаи нави СҲИ оид ба мусоидат ба Афғонистон ва санади ниҳоӣ — Эъломияи Душанбе, ки дар онҳо ҳамкории минтақавӣ ҷиҳати фароҳам сохтани шароити мусоид барои истиқрори сулҳу субот ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар Афғонистон, ҳамчунин тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт ва энергетика, туризм, рушди иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист миёни кишварҳои аъзои созмон таъкид гардидааст, аз натиҷаҳои муҳими иҷлосия маҳсуб мешаванд.
Ба уҳдаи Тоҷикистон вогузор гардидани раёсат дар созмони дигари бонуфуз — Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё барои солҳои 2018-2020, ки 24 сентябр зимни ҷаласаи махсуси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунанда дар Ню-Йорк сурат гирифт, эътирофи нақши муассир ва мавқеи созандаи Тоҷикистон дар фаъолияти ниҳодҳои минтақавӣ аст. Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин созмон, ки 27 кишварро ҳамчун аъзо, 8 кишвар ва 5 созмони байналмилаливу минтақавиро ба ҳайси нозир муттаҳид мекунад, ҳадафи тақвияти ҳамбастагӣ миёни давлатҳои иштирокдор ҷиҳати таҳкими тадбирҳои эътимод ва амният ва рушди ҳамкориҳои судманд дар минтақаро пайгирӣ мекунад.
Ҳамкорӣ бо кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ҷиҳати мубориза бо чолишу хатарҳои замони муосир, мисли терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккилона ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар робита ба ин масъала бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти марбутаи кишвар ва ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) 3-4 май дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баландро дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» баргузор намуд, ки дар он беш аз 400 намояндаи воломақоми идораҳои сиёсати хориҷӣ ва дигар сохторҳои соҳавӣ аз 48 кишвари ҷаҳон ва 31 созмони байналмилалию минтақавӣ, инчунин марказҳои илмиву тадқиқотӣ ширкат варзида, вазъ ва тасмимҳо ҷиҳати таҳкими муборизаи муштарак алайҳи таҳдидҳои амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳонро мавриди арзёбӣ қарор доданд. Натиҷаҳои конфронс, ки дар санади ниҳоии он бо номи «Баёнияи Душанбе» дарҷ гардид, вокуниши мусбати доираҳои коршиносони байналмилаливу минтақавиро эҷод кард.
 Муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари дорои фарҳангу тамаддуни қадима яке аз самтҳои калидии сиёсати хориҷии кишвар ба шумор меравад. Дар ин самт ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар соли гузашта самаровар арзёбӣ мегарданд, зеро дар ин сол номинатсияи «Чакан – ҳунари гулдузӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият қабул гардид. Идома пайдо кардани чунин иқдоми нек, ки барои муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадимии мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад, яке аз дастурҳои Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аст ва вазорати корҳои хориҷӣ ва сохторҳои марбута талошҳои ҳадафмандонаро баҳри  иҷрои ин дастур идома медиҳанд.
Дар соли 2018 як қатор мулоқоту вохӯриҳои Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохилу хориҷи мамлакат бо ҳамтоёни хориҷии худ ва дигар масъулони кишварҳову созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ баргузор гардиданд. Дар миёни ин вохӯриву дидорҳо мулоқотҳои Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Покистон, Хитой ва ғайраро бояд зикр кард, ки баҳри пешбурди сиёсати хориҷии кишварамон ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат мусоидат намуданд.
Ҳамзамон 21 сентябри соли 2018 дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлоси 73-юми Маҷмаи Умумии СММ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири кулли СММ Антонио Гутерреш баргузор гардид, ки зимни он Вазири корҳои хориҷӣ дуруду паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Дабири Кулли СММ расонида, ба ӯ ҷиҳати пуштибонӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар изҳори сипос намуд. Инчунин Вазири корҳои хориҷӣ бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лиу Женмин, Муовини Дабири кулл, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков,  низ мулоқот анҷом дод, ки зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (UNDESA), натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028” (20-22 июни 2018, ш. Душанбе), Конфронси байналмилалии сатҳи баланди “Мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (3-4 майи соли 2018, ш. Душанбе) ва Конфронси байналмилалии роҳбарони мақомоти зиддитеррористии кишварҳои аъзои СММ (28-29 сентябри 2018, ш. Ню-Йорк) мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Соли сипаришуда дар тақвими сиёсати хориҷии Пешвои миллат, барҳақ, чун соли эҳё ва рушди ҳамкориҳои фарогир бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон сабт мегардад. Дар давоми сол мушкилоту масъалаҳои дар тӯли беш аз ду даҳсола миёни ду кишвари ҳамсоя бавуҷудомада ба шарофати иродаи сиёсии роҳбарони ҳар ду давлат, ки аз анъанаҳои дӯстиву бародарии таърихии халқҳои тоҷику ӯзбек сарчашма мегиранд, ҳаллу фасл гардиданд. Дар ин масъала, сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (9-10 март) ва сафари давлатии ҷавобии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон (17-18 август) нақши ҳалкунанда бозиданд. Дар ҷараёни мулоқотҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд маҷмӯи масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои калидии ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардида, доир ба ҷорӣ намудани низоми бидуни раводид миёни ду кишвар то 30 рӯз, делимитатсия ва демаркатсияи тақрибан ҳама қитъаи сарҳади давлатӣ ва барқарор гардидани фаъолияти гузаргоҳҳои мавҷуда дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, фаъол намудани роҳи оҳани қитъаи Ғалаба — Амузанг ва тавсеаи имконоти истифодаи зарфиятҳои нақлиётиву коммуникатсионии ҳар ду кишвар, ҳамчунин истифодаи обанбори Фарҳод ва татбиқи муштараки лоиҳаҳои энергетикӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои байни ду кишвар мувофиқаҳои мутақобилан судманд ба даст омаданд. Роҳбарони ду кишвари дӯст «Созишнома дар бораи ҳамкории шарикии стратегӣ»-ро ба имзо расониданд, ки он муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба сатҳи сифатан нав баровард ва анъанаҳои дӯстиву қаробат ва ҳусни ҳамҷавориро миёни халқҳои тоҷику узбек устувор гардонид.
Соли 2018 муносибатҳои дӯстӣ ва накуҳамсоягӣ бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон низ тақвият пайдо карданд. Лозим ба зикр аст, ки 14-15 март сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бори аввал дар тӯли беш аз ду даҳсола дар Остона мулоқоти корӣ баргузор намуданд, ки дар он Пешвои миллат омодагии кишварро ба тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муассир ва роҳандозии ҳамгироии воқеии минтақавӣ изҳор намуданд.
Соли сипаришуда, ҳамчунин, соли тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо шарикони озмудашуда дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буд. Аз ҷумла, дар ин сол рушду таҳкими равобити фарогир миёни Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. Дар мулоқотҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Д. Медведев вазъ ва дурнамои муносибатҳои неку шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.
 Муносибатҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус, Озарбойҷон, Арманистон ва Молдова бо баргузории сафарҳои расмӣ ва кории роҳбарони ин кишварҳо ба Тоҷикистон дар соли 2018 шоҳиди пешрафтҳои назаррас гардид.
Қобили зикр аст, ки санаи 9-11 августи соли 2018 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Озарбойҷон бомуваффақият анҷом пазируфт.
Дар давраи ҳисоботӣ робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ бо як қатор кишварҳои ҳавзаи Осиёву Африка идома ва густариш пайдо карданд. Аз ҷумла, дар соли  сипаришуда ҳамкориҳои  дуҷониба миёни Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Чин мисли солҳои пешин фаъол ва пурмуҳтаво буданд, ки ба ин пеш аз ҳама мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ  9 июн дар шаҳри Чиндао ва бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян зимни сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон дар моҳи октябр мусоидат намуданд.
Соли 2018 равобити Тоҷикистон бо Япония дар натиҷаи  сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он кишвар 3-5 октябр ва мулоқотҳо бо роҳбарияти олии Япония, ҳамчунин сафари Президенти Агентии Ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) ба Тоҷикистон дар моҳи июн густариши беш аз пеш пайдо кард.
Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои дигари Осиёи ҷанубу шарқӣ, мисли Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея, Малайзия, Ҷумҳурии Муғулистон, Таиланд, Ветнам ва ғайра дар заминаи табодули сафарҳои ҳайатҳои гуногунсатҳ, табодули лоиҳаҳои санадҳои дуҷониба ҷиҳати тақвияти заминаи шартномавиву ҳуқуқии муносибатҳо, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва иштироки фиристодагони Тоҷикистон дар давраҳои омӯзишӣ ҷараён гирифтанд.
Соли 2018 соли самаранок дар муносибатҳои дуҷониба бо Ҳиндустон маҳсуб мешавад, ки ба сафари давлатии Президенти Ҳиндустон ба Тоҷикистон ва тавофуқҳои ҳосилшуда дар сатҳи олӣ вобаста ҳастанд. Робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ бо шарикони дигари анъанавии мо дар минтақа, аз ҷумла Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар давоми сол дар рӯҳияи дӯстиву рафоқат ҷараён доштанд.
Муносибатҳо бо кишварҳои арабии Халиҷ, хоссатан Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Кувайт ва Қатар дар соли гузашта дар ҳоли рушд қарор доштанд ва натиҷаҳоеро, мисли ташрифи ҳайатҳои баландпояи ин кишварҳо ба Тоҷикистон ва тавсеаи ҳамкорӣ бо фондҳои рушди ин кишварҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои гуногуни нақлиётиву коммуникатсионӣ дар кишвари мо ба бор оварданд.
Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соли 2018 аз рӯи якчанд самтҳо идома ёфта, дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо масъалаи омодасозии Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ қарор дошт. Аз ҷумла, ин масъала дар баробари масоили ҳамкории минтақавӣ ва рафъи чолишҳои амниятӣ, ҳамгироӣ, ҷалби сармоягузориҳо ва рушди устувори минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳамдастӣ дар сабуксозии пайомадҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва идоракунии захираҳои обӣ дар Вохӯрии навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо 23 ноябр дар шаҳри Брюссел мавриди муҳокима қарор гирифт. Маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои алоҳидаи он дар мулоқотҳои Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамтоҳояшон дар давоми сол мавриди баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор гирифтанд.
Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 лоиҳа бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо татбиқ шуда истодааст. Ҷиҳати густариш ва тақвияти ҳамкориҳо дар доираи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ ва Барномаи индикативӣ таклифу пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои миллии кишвар ба Иттиҳоди Аврупо манзур гардиданд ва дар сурати қабул шудани пешниҳодҳо имконияти ҷалби маблағҳои бештар ба соҳаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ васеътар хоҳад шуд.
Дар чаҳорчӯби муносибатҳо бо Иттиҳоди Аврупо дар соли гузашта чорабиниҳо нисбатан зиёд буданд, ки миёни онҳо бояд баргузории даври даҳуми Муколама оид ба ҳуқуқи инсон миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро дар шаҳри Душанбе 26 октябри соли 2018 зикр намуд.
Ағлаби кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, мисли Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Фаронса, Италия, Австрия, Британияи Кабир, Маҷористон, Чехия ва ғайра аз шарикони муҳим ва кумакрасони Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо ба шумор меоянд ва равобити бисёрсамта бо онҳо дар давраи ҳисоботӣ идомаи мантиқӣ доштанд. Аз ҷумла, мулоқоти кории Пешвои миллат бо Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон ҷаноби Анҷей Дуда, ки  26 марти соли 2018 бо ташаббуси он ҷониб дар Душанбе баргузор гардид, дар самти таҳкими ҳамкориҳо бо ин кишвар нақши муҳим дошт.
Дар доираи ҳамкориҳо бо кишварҳои Аврупо аз нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии гурӯҳи кишварҳои “Чаҳоргонаи Вишеград” (Маҷористон, Лаҳистон, Чехия ва Словакия) ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки 27 феврали соли 2018 дар шаҳри Будапешт баргузор гардид, ҳамчунин аз сафари кории Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Маҷористон Петер Сийярто ба Душанбе бо мақсади иштирок дар Конфронси “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (3-4 майи соли 2018) ва ташрифи ҳайатҳои гуногунсатҳ аз кишварҳои аврупоӣ  ба Тоҷикистон ҷиҳати баррасии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетикиву экологӣ ва амниятӣ бояд ёдовар шуд, ки ба таҳкими муносибатҳо байни ҷонибҳо мусоидат намуданд.
Муносибатҳои Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ дар давраи сипаришуда тавсеа пайдо карданд, ки далели ин матлаб  мушорикати Вазири корҳои хориҷӣ дар мулоқоти навбатии қолаби С5+1 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА, сафари Фармондеҳи Фармондеҳии марказии ИМА Ҷозеф Вотел ба Душанбе ва мулоқоти ӯ бо Пешвои миллат дар моҳи май, сафари муовини ёвари Котиби давлатии ИМА дар умури Афғонистон Ҳенри  Эншер ба Тоҷикистон дар моҳи феврал, машваратҳои сиёсии навбатӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА дар моҳи октябр дар Душанбе, мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муовини ёвари  Котиби давлатии ИМА хонум Элис Уэлс дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ  оид ба Афғонистон дар Женева дар моҳи ноябр  мебошанд.
Дар соли сипаришуда фаъолияти Тоҷикистон дар доираи Маҷмаи Умумии СММ низ хеле назаррас буд. 22 марти соли гузашта бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи об - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” расман оғоз гардида, дар моҳи июн дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” 2018-2028 ва иқдомҳои муштараки минбаъда”  бо иштироки зиёда аз 1500 нафар ширкаткунандагон аз 120 кишвари дунё дар сатҳи баланд баргузор гардида, натиҷаҳои назаррасро ба даст овард. Дар охири сол бошад, лоиҳаи қатъномаи таҳиянамудаи Тоҷикистон таҳти унвони "Шарҳи миёнамуҳлати бисёрҷанбаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал" Об барои рушди устувор " 2018-2028" зимни иҷлоси 73-юми Маҷмаи Умумии СММ  якдилона қабул гардид.
Ин санад ҳадафи танзими ҷараёни баррасии миёнамуҳлати Даҳсола ва баргузории чорабиниҳои муҳими ҷаҳониро дар чаҳорчӯби татбиқи ҳадафҳои ташаббуси Тоҷикистон пайгирӣ менамояд. Аз ҷумла, дар қатънома баргузории ҷаласаи сатҳи баланди Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати мусоидат ба татбиқи ҳадафу вазифаҳои марбут ба захираҳои об моҳи марти соли 2021 ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид доир ба Шарҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» 22-24 марти соли 2023 таъкид шуда, иқдомоти дигаре, ки оид ба ин раванд дар сатҳҳои минтақавӣ ва миллӣ роҳандозӣ мегарданд, пешбинӣ шудаанд. Қабули қатъномаи мазкур нишони ҳамовозии ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ибтикороти созанда ва дурнигаронаи Пешвои миллат ва эътирофи нақши Тоҷикистон дар ҳалли масоилу мушкилоти олам ба шумор меравад. Ин нукта дар барқияи шодбошии муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи умумии СММ возеҳ ифода ёфта, дар он Муншии умумӣ рӯйдоди мазкурро «қадаме бузург ва таҷассумгари эътимоди кишварҳои аъзои СММ нисбат ба Тоҷикистон, ҳамчун кишвари пешсаф дар пешбурди масоили об ва ҳомии раванди ҷаҳонии татбиқи ҳадафу вазифаҳои марбут ба оби Рӯзномаи 2030 барои рушди устувор» номидааст.
Дар соли сипаришуда Вазорат барои иштироки ҳайати расмии кишвар дар кори Иҷлоси Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (ODIHR)-и САҲА роҷеъ ба раванди иҷрои уҳдадориҳои марбут ба ченаки инсонӣ, ки моҳи сентябр дар шаҳри Варшава баргузор гардид, мусоидати лозима расонид.
Вазорат дар соли 2018 бо мақсади густариши равобити иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати таъмини шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувор иқдомҳои муайянро роҳандозӣ намуд. Аз ҷумла, дар кишвари мо Бизнес-Форуми Тоҷикистону Ӯзбекистон бо имзои қарордодҳо оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ба маблағи умумии 625 млн. доллар,  ҷаласаи Шӯрои кории Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Ӯзбекистон  бо бастани 15 шартномаи ҳамкорӣ миёни ширкатҳо ба маблағи умумии 21,5 млн доллар, Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус дар моҳи май бо иштироки доираҳои соҳибкории Афғонистон, Покистон ва Ӯзбекистон, Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ўзбекистон ва Корея бо имзои 11 санади ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ба маблағи 32,5 млн доллар, видеоконференсия бо намояндагони ширкатҳои америкоӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни ширкатҳои Тоҷикистон ва ИМА ва ҷалби сармоягузорон бо ташаббуси Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон ва Сафорати Тоҷикистон дар ИМА, ҷаласаи 10-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар ш. Душанбе, ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон оид ба ҳамкориҳои молиявию техникӣ баргузор гардиданд, ки дар тавфиқи ин чорабиниҳо Вазорат ва ниҳодҳои он саҳмгузоранд.  
Дар соли сипаришуда намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа вобаста ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” як қатор чорабиниҳоро ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил намуданд, ки ҳадаф аз онҳо ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистон буд. Аз ҷумла, дар Олмон ва Чин китобҳои  “Роҳнамои сайёҳ ба Тоҷикистон” бо забонҳои олмонӣ ва чинӣ аз чоп баромаданд, ки маълумоти пурраро дар бораи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон фаро гирифтаанд.
Дар самти хидматрасониҳои консулӣ низ соли сипаришуда натиҷаҳои назаррасро ба бор овард. Дар маҷмўъ аз ҷониби Сарраёсати консулї ва Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулї дар хориҷи кишвар дар соли ҳисоботӣ    156 784 раводид таҳия шудааст.
Ҳамзамон Сарраёсат дар маҷмӯъ, дар ин давра  582 819 адад шиносномаи умумишаҳрвандии биометрї ва 486 708 адад кортҳои идентификатсионӣ ба чоп расонидааст.
Дар соли 2018 шумораи кишварҳое, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд, ба 173 расидааст. Дар натиҷаи баргузории маросими супоридани эътимодномаҳо 17 нафар сафирони кишварҳои хориҷӣ, эътимодномаҳои худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридаанд.  
Ҳозирини гиромӣ,
Ин буд ба таври мухтасар чанде аз натиҷаҳои фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ дар соли 2018. Ин сол барои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли бобарор буд ва барои афзудани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар ҷаҳон мусоидат намуд.
Соли 2019 низ барои сиёсати хорҷии кишварамон соли пурмасъулият ва дар айни ҳол соли иҷрои нақши муассир дар арсаи байналмилалӣ хоҳад буд. Дар ин сол баргузории чорабиниҳои байналмилалии муҳим дар кишварамон, аз ҷумла Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), Конфронсҳои муҳимми байналмилалӣ бахшида ба мубориза ба терроризму экстремизм ва маводди мухаддир ва рушди иқтисоди сабз, нишасти 7-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои муколамаи «Осиёи Марказӣ+Япония» дар шаҳри Душанбе ва танзими сафарҳои давлативу расмӣ ва кории роҳбарони як қатор кишварҳои дӯсту шарик ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Бо иқдоми Пешвои миллат мавзӯи захираҳои об дар рӯзномаи Созмони Милали Муттаҳид устувор гардида, моро зарур аст, ки ҳамчун ҷониби ташаббускори масъалаҳои вобаста ба об дар сатҳи глобалӣ амалӣ гардонидани ҳадафу вазифаҳои даҳсолаи навро мунтазам пайгирӣ кунем.
Бовар дорем, ки кормандони Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломативу консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дар соли ҷорӣ ҷиҳати баргузории бомуваффақияти чорабиниҳои мазкур ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат баҳри пешбурди манфиатҳои миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ саъйу талош ва донишу маҳорати худро дареғ нахоҳанд дошт.
Барои диққататон ташаккур!




 

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj